Ссылки доступа

Зодаи Қирғизистон барои фирор аз арӯсӣ дар бемористони равонии Москва бистарӣ шуд


Кормандони сафорати Қирғизистон духтареро, ки мехост барқасдона дар бемористони равонии Москва бистарӣ шавад, аз бемористон раҳо карданд. Фишори доимии волидон, ки мехостанд, духтарро ба ҷавони ношинос ба ҳамсарӣ диҳанд, боиси ин иқдоми вай шудааст.

Ба иттилои сафорати Қирғизистон дар Русия, 2 август зодаи Қирғизистон ба намояндагии дипломатӣ бо дархости наҷоти духтараш аз бемористони равонӣ муроҷиат кардааст.

Табибони бемористон гуфтанд, духтар 29 июли соли ҷорӣ "дар робита ба вазъи равониаш" ба онҳо муроҷиат кардааст.

Духтар мегӯяд, ним соли охир зери фишори волидон, ба хусус модараш қарор доштааст. Ба гуфтаи духтар, волидонаш мехостанд, бар хилофи хоҳишаш ӯро ба шавҳар диҳанд. Дар чунин шароит вай тасмим гирифтааст, ки аз Қирғизистон берун равад ва барқасдона дар бемористон бистарӣ шудааст.

Намояндаи сафорат бо табибон ва духтар суҳбат кардааст. Дар ниҳоят, додгоҳ нагузошт, ки зодаи Қирғизистон иҷборан дар бемористон бистарӣ шавад.

XS
SM
MD
LG