Ссылки доступа

СММ: ДИ ба қатли оми язидиҳои Ироқ идома медиҳад


Комисияи СММ 3 август хабар дод, ки гуруҳи тундгарои "Давлати исломӣ" қатли оми язидиҳо, ақалияти миллии Ироқу Сурияро идома медиҳад. Ба гуфтаи СММ, ҷомеаи ҷаҳонӣ барои пешгирӣ аз ин амал талоши кофӣ ба харҷ намедиҳад.

Дар ҳоле, ки маъракаи озодсозии Раққаҳ авҷ мегирад, ҷангҷӯёни ДИ пеш аз тарки шаҳр талош доранд, ки бардаҳояшонро аз ҳисоби занону духтарони язидӣ ба фурӯш гузоранд, омадааст дар хабари комисияи СММ.

"Қатли ом, сарфи назар аз вазифаи давлат барои пешгирӣ аз он ва ба ҷавобгарӣ ҷалб кардани омилони он, идома дорад ва амалан бетаваҷҷуҳ мондааст", - мегӯяд комисияи СММ.

ДИ ҳазорон язидиро замоне, ки моҳи августи соли 2014 шаҳри Синҷарро дар шимолу ғарби Ироқ ғасб кард, ба асорат гирифт.

Ин шарҳ охири соли 2015 аз дасти ДИ озод карда шуд. Аз он замон то кунун дар ин шаҳр даҳҳо қабристони дастаҷамъии язидиҳо ошкор шудааст. Дақиқ нест, ки чи теъдод аз язидиҳо аз сӯи ДИ ба Раққаҳ оварда шудаанд.

XS
SM
MD
LG