Ссылки доступа

Ҳазорҳо довталаб ба донишгоҳҳо роҳ наёфтанд (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Иссиқкӯли нотакрор. Кӯли дилрабо одамонро аз саросари ҷаҳон ба соҳили худ мекашад (нигористон)​

- Ба рухсатӣ! Доналд Трамп дар пасманзари ифшошавиҳои нав ва фаъол гардидани пажуҳиши додситони махсус Мюллер, ба рухсати меҳнатӣ меравад (видео аз Директ)

- Дар Тоҷикистон аз рӯзи мубориза бо қочоқи инсон таҷлил шуд. Барои нахустин бор 5-уми август дар Тоҷикистон Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо қочоқи инсон таҷлил шуд. Саноат Солиева, раиси созмони “Фемида”, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки бархе аз сокинон аз бепарвоӣ ва камсаводӣ ба доми фиреби қочоқчиён меафтанд (видео)

- Ҳазорҳо довталаб ба донишгоҳҳо роҳ наёфтанд. Аз миёни 96 ҳазору 541 довталабе, ки дар Маркази миллии тестии Тоҷикистон сабтином шуда буданд, дар ниҳоят 48 ҳазору 734 нафарашон сазовори номи донишҷӯ шуданд. Ин хабарро масъулини Маркази миллии тестӣ рӯзи 4-уми август эълон карданд (видео)

- Президент прокурорҳоро "дузду ахлот" номид. Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон, ҳангоми як нишаст бо фаъолони вилояти Тошканд, кори додситонро сахт танқид кард ва онҳоро "дузду ахлот" номид. Ӯ мегӯяд, ки мехоҳад, коррупсияро дар Узбакистон нобуд кунад, аммо нозирон мегуянд, ки Мирзиёев дар пайи тақвияти қудрати худаш аст (видео)

- Қурбонӣ барои эмин мондан аз "арвоҳи сартарош". Занон дар Ҳинд қурбонӣ мекунанд, то аз як "арвоҳи сартарош" эмин монанд. Сартароше, ки мӯи сари чандин зани ҳиндиро ҳангоми беҳушиашон буридааст (видео)

- Ҳасан Рӯҳонӣ ба ҳайси раиси ҷумҳур қасам ёд кард. Ҳасани Рӯҳонӣ бори дувум ба ҳайси раиси ҷумҳури Эрон савганд ёд кард. Ин маросим баъд аз зӯҳри 5-уми август дар толори Маҷлис ё порлумони Ҷумҳурии Исломӣ баргузор шуд. Дар ин маросим намояндагони 100 кишвар аз ҷумла Тоҷикистон ҳузур доштанд (видео)

- Дар Екатеринбурги Русия иқдоми "Хотираи талхи Урал" бахшида ба 80-солагии оғози "Террори бузург" баргузор шуд (видео аз Директ)

- Флот. Русия. Таҳдидҳои нав. Ҳамасола Русия якшанбеи охири моҳи июлро ҳамчун Рӯзи флоти ҳарбӣ-баҳрӣ таҷлил мекунад. Барои тасдиқи дӯстӣ Украина ҳам соли 2011 таҷлили рӯзи фронташро ба ҳамин сана овард. Аммо кӯмак накард. Русия танҳо дар забон дӯст буд. Ва дар амал ба ғасби ҳудуди Украина омодагӣ медид (видео аз Директ)

- Украина додгоҳҳои конститутсионӣ ва олиро таҷдид мекунад. Ин тағйирот ба кӣ писанд нест? (видеои Настоящее время)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG