Ссылки доступа

Роҳиби масеҳӣ дар Тоҷикистон бо айби "тундгароӣ" зиндонӣ шуд


Додгоҳи шаҳри Хуҷанд як роҳиби калисои насронӣ, маъруф бо номи “Сонмин Сунбогим”-ро ба ҷурми “ифротгароӣ” ба се соли зиндон маҳкум кардааст. Як саҳифаи марбут ба насрониҳо мегӯяд, ин ҳукми додгоҳ охири моҳи июл содир шуд ва аз пайравони масеҳият хостааст, ки дар ҳаққи ӯ дуо кунанд.

Баҳром Холматови 42-сола рӯзи 10-уми апрели имсол баъд аз тафтиши калисояшон дар шаҳри Хуҷанд дастгир шуд. Мақомоти Тоҷикистон то кунун дар бораи иттиҳомот ва ҳукми Баҳром Холматов чизе нагуфтаанд, аммо моҳи апрел баъди боздошт эълон кардаанд, ки ӯ ба “ифротгароӣ” муттаҳам мешавад. Дар Тоҷикистон дар гузашта пайравони динҳои ғайриисломиро на ба ифротгароӣ, балки ба “барангехтани кинаву адовати динӣ” муттаҳам кардаанд.

Як вебсайти марбут ба насрониён мегӯяд, ки рӯзи 10-уми апрел маъмурони амниятии Тоҷикистон ба таври ногаҳонӣ вориди калисо шуда ва мардумеро, ки барои ибодат омадаанд, боздошт ва адабиёти диниашонро мусодира кардаанд. Ба иддаои онҳо, мақомот аз калисо ва манзили Баҳром Холматов китобҳои динӣ ёфта ва ташхиси диншиносӣ ин китобҳоро “ифротӣ” номидааст.

Талоши мо рӯзи 6-уми август барои сӯҳбат бо намояндагони додгоҳ ва хонаводаи Баҳром Холматов бенатиҷа буд. Қаблан сомонаи “Форум-18” низ навишта буд, ки ҳеҷ яке аз хешовандон ва ё пайравони калисои “Сонмин Сунбогим” дар бораи сарнавишти роҳиб сӯҳбат намекунанд, зеро метарсанд, ки аз тарафи мақомот ба мушкил дучор мешаванд. Ҳамин сомона навишта буд, ки моҳи феврал як шӯъбаи калисои мазкур дар шаҳри Конибодомро низ бастаанд.

Мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд, азбаски пайравони ин гурӯҳ расман созмони мазҳабии худро дар кишвар сабтином накардаанд, ҳаққи фаъолият надоранд. Аммо вебсайти марбут ба насрониҳо иддао дорад, ки калисои “Сонмин Сунбогим” расман аз моҳи октябри соли 2009 дар Кумитаи дини Тоҷикистон сабтином шуда, фаъолият ва адабиёташ қонунист.

XS
SM
MD
LG