Ссылки доступа

Донишҷӯёни боздоштшудаи қазоқ дар Миср ба ватан баргаштанд


Шаш донишҷӯи қазоқ, ки дар Миср боздошт шуда буданд, ба ватан баргаштанд. Дар ин бора расонаҳои маҳаллӣ бо истинод ба вазорати умури хориҷии Қазоқистон иттилоъ доданд.

Ин донишҷӯёни қазоқро Хадамоти амнияти миллии Миср боздошт карда буд. Ба иттилои расонаҳои Қазоқистон, Қоҳира аз боздошти донишҷӯён ҷониби Остонаро расман огаҳ накардааст.

Қазоқистон ба вазорати умури хориҷии Миср нотаи эътирозӣ фиристод. Дар натиҷа намояндагони Хадамоти амнияти Миср 1 август бо сафорати Қазоқистон дар Қоҳира тамос гирифта, хабар доданд, ки ҳамаи донишҷӯёни боздоштшударо ихроҷ хоҳанд кард.

Расонаҳо аз боздошти донишҷӯёни қазоқ дар Миср 25 июл хабар доданд. Ду нафари онҳо барои омӯзиши забон 11 июл вориди шаҳри Қоҳира шуда буданд. 20 июл тамоси онҳо бо наздикону пайвандонашон қатъ гашт.

XS
SM
MD
LG