Ссылки доступа

Лавров Тиллерсонро аз ҷузъиёти чораҳои ҷавобии Москва огаҳ кард


Вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров ба котиби давлатии ИМА Рекс Тиллерсон ҷузъиёти чораҳои ҷавобии Москваро дар посух ба таҳримҳои нави Вашингтон шарҳ дод.

Лавров гуфт, бо Тиллерсон дар ҳошияи ҳамоиши АСЕАН дар шаҳри Манилаи Филиппин мулоқоти тӯлоние дошт. Ба гуфтаи Лавров, ӯ тамоми иттилоъро ба Тиллерсон дар асоси суҳбати президенти Русия Владимир Путин бо телевизиони "Россия" ироа кард, ки 30 июл анҷом шуда буд.

Вазири умури хориҷии Русия қайд кард, ки Москва дар сурати даст кашидани ИМА аз рӯёрӯӣ омодааст, бо Вашингтон муколамаҳои муътадилро дубора ба роҳ монад.

Вазорати умури хориҷии Русия 28 июл хабар дод, ки шумори ҳайати дипломатии ИМА, бо шумули кормандони техникӣ дар ин кишвар то ба 455 нафар кам карда шуд. Москва истифодаи бӯстонсарои сафорати Амрикоро дар "Серебряний Бор" ва анбори иншоотро барои дипломатҳои амрикоӣ низ манъ кард.

Кремл гуфт, ин посух ба қонуни Конгресс дар бораи афзоиши таҳримҳои ИМА зидди Русия аст, ки 27 июл ба тасвиб расид.

XS
SM
MD
LG