Ссылки доступа

Дар Тоҷикистон рӯзи мубориза бо қочоқи инсон таҷлил шуд (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Дар Тоҷикистон аз рӯзи мубориза бо қочоқи инсон таҷлил шуд. Бори нахуст 5-уми август дар Тоҷикистон Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо қочоқи инсон таҷлил шуд. Саноат Солиева, раиси созмони “Фемида”, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки бархе аз сокинон аз бепарвоӣ ва камсаводӣ ба доми қочоқчиён меафтанд (видео)

- Ҳасан Рӯҳонӣ ба ҳайси раиси ҷумҳур қасам ёд кард. Ҳасани Рӯҳонӣ бори дувум ба ҳайси раиси ҷумҳури Эрон савганд ёд кард. Ин маросим баъд аз зӯҳри 5-уми август дар толори Маҷлис ё порлумони Ҷумҳурии Исломӣ баргузор шуд. Дар ин маросим намояндагони 100 кишвар аз ҷумла Тоҷикистон ҳузур доштанд (видео)

- Сӯхтор дар бинои 79-табақаи Дубай. Яке аз баландтарин биноҳои осмонхарош дар Дубай рӯзи 4-уми август оташ гирифт, вале мақомот гуфтанд, ки мардумро зуд аз бино берун оварданд ва касе осеб надидааст (видео)

- Ҳазорҳо довталаб ба донишгоҳҳо роҳ наёфтанд. Аз миёни 96 ҳазору 541 довталабе, ки дар Маркази миллии тестии Тоҷикистон сабт гаштанд, дар ниҳоят 48 734 нафарашон сазовори номи донишҷӯ шуданд. Ин хабарро масъулони Маркази миллии тестӣ рӯзи 4-уми август эълон карданд (видео)

- Президент прокурорҳоро "дузду ахлот" номид. Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Ӯзбекистон, дар як нишаст бо фаъолони вилояти Тошканд, кори додситонҳоро сахт танқид кард ва онҳоро "дузду ахлот" номид. (видео)

- Қурбонӣ барои эмин мондан аз "арвоҳи сартарош". Занон дар Ҳинд қурбонӣ мекунанд, то аз як "арвоҳи сартарош" эмин монанд. Сартароше, ки мӯи сари чандин зани ҳиндиро ҳангоми беҳушиашон буридааст (видео)

- Иссиқкӯли нотакрор. Кӯли дилрабо одамонро аз саросари ҷаҳон ба соҳили худ мекашад (нигористон)​

- Ёдбуди қурбониёни таъқибҳои сталинӣ дар Киев. Бо ташаббуси раҳбарияти СССР барои аз байн бурдани мухолифони воқеию нерӯманди сиёсӣ ва тарсондани сокинон дар солҳои 1937-1938 маъракаи саркӯби оммавии сокинон ба роҳ монда шуд, ки бо номи "Террори бузург" маъруф аст. (нигористон)

- Донишмандони Бостон ороишҳои "зинда"-ро ихтироъ карданд. Инқилоби воқеии олимони Донишгоҳи технологии Массачусет дар бахши фанновариҳои ба истилоҳ пӯшиданӣ (видео аз Директ)

- 5 достони шампан дар солгарди ихтироаш. Кулоҳаки шишаи шампан бо чӣ суръате аз "тан" ҷудо мешавад ва Уинстон Черчилл дар тамоми умри худ чанд шиша шампан нӯшидааст? (видео аз Директ)

- Одесса ба ҷои Қрим: украинҳо акнун барои истироҳат ба кадом баҳр мераванд? (видео аз Директ)

- Таътили тобистона дар лагери кӯдаконаи Москва чи гуна мегузарад: таҳияи видеоблогҳоро меомӯзем (видеои Настоящее время)

- Шароити бештари лагерҳои истироҳатии Русия аз замони СССР ба ин тараф тағйир наёфтаанд (видеои Настоящее время)

- 500 доллар барои як соат: дидор бо вазири ҳукумати Украина чи қадар арзиш дорад? Муассисони хадамоти хариди давлатии ProZorro мулоқот бо мансабдорони украинро ба музояда мегузоранд. (видеои Настоящее время)

- Суханрониҳои сохта. Мутахассисони донишгоҳи Вашингтон технологияи суханрониҳои сохтаро дар видео ихтироъ карданд. (видеои Настоящее время)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG