Ссылки доступа

ВКД: занҳо барои доштани ҳиҷоб ҷарима намешаванд (видео)


Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки барои пӯшидани "либосҳои бегона", аз ҷумла либоси исломӣ, касеро ҷарима намекунанд.

Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфт, барои пӯшиши либосҳои бегона касе ҷарима намешавад ва танҳо корҳои тарғиботӣ бурда хоҳад шуд. Ба қавли Умарҷони Эмомалӣ, "ҷарима вуҷуд надорад, ин фақат тарғиби либос ва фарҳанги миллӣ аст, дигар чизе нест. Ин гапҳои бофтаи мардум аст."

Хабаргузории "Азия Плюс" аз қавли занони сатрпӯш, ки дар бозорҳои пойтахт тиҷорат мекунанд, навишт, ин занон ҳушдор гирифтаанд, ки барои пӯшидани либосҳои исломӣ то ҳазор сомонӣ ҷарима хоҳанд шуд. Хабаргузорӣ навишт, занони сатрпӯши бозорҳои пойтахт ҳушдор гирифтаанд, ки барои пӯшиши либосҳои исломӣ, то ҳазор сомонӣ ҷарима хоҳанд шуд. Дар ҳайати гурӯҳи кории Кумитаи кор бо занон ва дигар мақомотҳо ва ҳамчунин наворбардорон низ ҳузур доранд. Қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 11 июл бори дигар ба зарурати тақвияти фарҳанги пӯшидани либоси миллӣ, на “бегонаи мазҳабӣ” таъкид кард.

Марҳабо Олимӣ, муовини кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон мегӯяд, мақомот муборизаро бо пӯшидани либоси "бегона" ва мухолиф бо фарҳанги миллӣ шуруъ кардаанд.

Ба гуфаи вай, гуруҳҳои кории кумита, ки пӯшидани либоси миллиро тарғиб мекунанд, "ба занҳо мефаҳмонанд, ки ба сар кардани ҳиҷоб, сатр ва салла ба анъанаҳои тоҷикон бегона ҳастанд". Вай гуфт, мутахассисони кумита дар якҷоягӣ бо сохторҳои дигар дар фурсатҳои наздик намунаҳои либосҳои тавсиявиро омода мекунанд.

Споры о хиджабе. Носить нельзя снимать
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:04:28 0:00

XS
SM
MD
LG