Ссылки доступа

Дар Тошканд амалиёти "Поккорӣ-антитеррор" идома дорад


Раёсати умури дохилии шаҳри Тошканд эълом кард, ки сар аз 30 июл дар пойтахти Ӯзбекистон ба хотири омодагӣ ба ҷашни 26-солагии истиқлолияти давлатии ин кишвар (1 сентябр) ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ амалиёти "Поккорӣ-антитеррор" гузаронида мешавад.

Ба иттилои раёсат, кормандони ҳифзи ҳуқуқ то ҳол беш аз 96 ҳазор манзили истиқоматиро дар биноҳои баландошёна, 34 ҳазор хона ва ҳудуди 5 400 идораи муассиса ва созмонҳоро тафтиш кардаанд. Дар натиҷа 4 500 санади маъмурӣ тартиб дода шудааст, ки беш аз 4 ҳазораш ба будубоши ғайриқонунӣ дахл дорад.

Дар ҷараёни амалиёт бештар ба афроде таваҷҷуҳ карда мешавад, ки дар қайди мақомоти умури дохилиянд. Бо онҳо суҳбатҳо анҷом ёфта, 456 тани дигар барои поймол кардани қоидаҳои маъмурӣ ба қайд гирифта шудаанд.

Ҳамчунин бо мақсади таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон дар як қатор маҳаллаҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, дар биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ 86 дурбини иловагии назоратӣ насб гаштааст.

XS
SM
MD
LG