Ссылки доступа

Ташкили нахустин эътилофи даъвогарони курсии президентӣ дар Қирғизистон


Бар пояи иттилои ҳизби "Онугуу-Прогресс", 6 август роҳбарони се ҳизби сиёсии Қирғизистон - "Ота-Журт Мекенчил", "Бутун Қирғизистон" ва "Онугуу-Прогресс" барои ташкили эътилоф ва ҳимоят аз номзади ягона созишнома имзо кардаанд.

Зери созишнома роҳбарони ҳизбҳо - Адахон Мадумаров, Ахматбек Келдибеков, Камчибек Тошиев ва Бакит Торобоев имзо гузоштанд.

Ташаббускорони эътилоф мегӯянд, "бо ҳадафи муттаҳид кардани нерӯҳои сиёсӣ чанд мулоқот ташкил гардид ва хулоса ин шуд, ки арзишҳо ва ҳадафҳои мо ягона ҳастанд".

Дар созишномаи ҳизбҳо омадааст, ташаббускорони эътилоф ё ҳизби нав "омодаанд бо ҳамаи нерӯҳо ҳамкорӣ кунанд". Эътилоф аз кадом номзад ҳимоят мекунад, ҳанӯз дақиқ нест.

Ҳамаи роҳбарони ҳизбҳои узви эътилоф барои номзад шудан ба мақоми президентӣ ба комисияи интихоботии Қирғизистон ариза додаанд. Интихоботи президентии Қирғизистон 15 октябр таъйин шудааст.

XS
SM
MD
LG