Ссылки доступа

Дар Қазоқистон ҷасади вакили шӯрои вилоятиро овехта дарёфтанд


Вакили шӯрои вилояти Ҷамбили Қазоқистон Кайрат Терликбоев овехта дарёфт шуд. Бино бар хулосаҳои пешакӣ, вай худкушӣ кардааст. Додситони вилояти Ҷамбил хабар дод, ки ҷасади Терликбоеви 56-сола 5 август дар манзилаш ёфт шудааст.

Додситонӣ бо моддаи "ба худкушӣ расонидан" парванда кушодааст.

Дар ҷасади вакил зоҳиран захме ошкор нашуда ва ҷасад барои пажуҳиши тиббиву судӣ фиристода шудааст.

Кайрат Терликбоев мудири "Муассисаи кафшерсозии роҳи оҳани Лугов" буд.

XS
SM
MD
LG