Ссылки доступа

ИМА ба Эстония 150 чатрбоз мефиристад


ИМА дар рӯзҳои баргузории тамрини низомии "Ғарб-2017"-и Русия ва Белорус ба Эстония гуруҳи чатрбозони худро мефиристад. Ситоди кулли қувваҳои мусаллаҳи Эстония гуфт, 150 низомии амрикоӣ охирҳои моҳи август вориди ин кишвар хоҳанд шуд.

Размоиши нақшавии муштараки Русия ва Белорус аз 14 то 20 сентябри соли равон баргузор хоҳад шуд. Вазорати дифои Русия гуфт, дар ин тамрин ҳудуди 13 ҳазор низомӣ иштирок мекунанд.

Пештар кишварҳои соҳили Балтик изҳори нигаронӣ карданд, ки эҳтимол дорад, Русия бо баҳонаи тамрин барои анҷоми амалиёти дигар ба Белорус нерӯ фиристад. НАТО гуфт, размоиши "Ғарб-2017"-ро бодиққат назорат хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG