Ссылки доступа

Бердимуҳаммадов хост, соҳибони дипломҳои хориҷиро бо кор таъмин кунанд


Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 4 август дар ҷаласаи ҳукумат дастур додааст, ки барои таъмини мутахассисони ҷавон бо ҷои кор як комисия таъсис дода шавад ва онро вазифаи ояндадори вазоратхонаҳои кишвараш номидааст.

Расонаҳои расмии Туркманистон 28 май иттилоъ доданд, ки дар ин кишвар қоидаи нави эътирофи дипломи мактабҳои миёнаи махсус ва олии кишварҳои хориҷӣ ҷорӣ шуда, раҳбарияти вазорати маориф дастур гирифтааст, ки чунин дипломҳоро тасдиқ кунад.

Таҳсил дар хориҷа яке аз роҳҳои асосии маълумоти олӣ гирифтани бештари шаҳрвандони Туркманистон аст.

Туркманистон тартиби эътирофи дипломҳоеро, ки шаҳрвандонаш аз мактабҳои олии кишварҳои хориҷ мегиранд, тағйир медиҳад. Соли 2015 бо дастури президент танҳо дипломи донишҷӯёне эътироф мешуд, ки дар бахши рӯзона таҳсил кардаанд.

XS
SM
MD
LG