Ссылки доступа

Нозирони барқ дигар ба хонаи Шумо намеоянд (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Додгоҳ шикояти Алӣ Фирӯзро дар мавриди истирдод бозбинӣ мекунад. Додгоҳе дар Москва ба баррасии шикояти хабарнигори нашрияи "Новая газета" Алӣ Фирӯз пардохт. Хабарнигор тибқи қарори додгоҳ, бояд ба Ӯзбекистон истирдод шавад (видео аз Директ)

- Нозирони барқ дигар ба хонаи Шумо намеоянд. Ҳукумати Тоҷикистон ба Вазорати энержӣ ва захираҳои об ва ширкати “Барқи тоҷик” дастур додааст, ки то охири сол шеваи пардохти нирӯи барқро барои аҳолӣ бо усули “биллингӣ” ва ё пешпардохт гузаронад (видео)

- Қаҳрамони Амрико аз Тоҷикистон ба кумак эҳтиёҷ дорад. Варзишгари тоҷик оид ба ҷудо Хушбахт Қурбонмаҳмадов, ки беш аз 7 моҳ инҷониб дар Амрико ба сар мебарад, азм дорад, дар Бозиҳои Олимпии 2020 ширкат кунад. Аммо барои расидан ба ин орзу, ки тӯлониву серхарҷ аст, ин варзишгар бо кушодани суратҳисоб аз дӯстодорони варзиш кумак мехоҳад (видео)

- Бо хурдсолтарин сиркбози Тоҷикистон ошно шавед. Манучеҳри Шарифзода, хурдсолтарин сиркбози тоҷикро, масъулини сирк аз як озмуни ноҳиявӣ пайдо кардаву ба ин толор овардаанд. То онзамон, аз маҳорати Манучеҳри шашсола танҳо хонавода ва атрофиён огоҳ буданд (видео)

- Исроил гуфт, Ал-Ҷазира-ро мебандад. Мақомоти Исроил мехоҳанд, нашри барномаҳои телевизиони Ал-Ҷазираро дар ин кишвар қатъ кунанд ва намояндагии онро дар Байтулмуқаддас бубанданд (видео)

- Қурбониёни об: 300 ғарқшуда аз ибтидои сол. Тибқи иттилои кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Қазоқистон, аз ибтидои сол дар ин кишвар наздики 300 одам ғарқ шудааст. Об ҷони қариб сад кӯдакро гирифтааст. Бисёре аз қурбониҳо ҳангоми шиноварӣ дар ҷойҳои мамнуъ ғарқ шудаанд (видео)

- Тиллерсон ва Лавров дар бораи чи суҳбат карданд: ду паҳлӯи як мулоқот. Котиби давлатии ИМА Рекс Тиллерсон ва вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров дар мулоқоти Анҷумани кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ дар Манила мулоқот карданд. Ба гуфтаи Тиллерсон, суҳбат пеш аз ҳама дар бораи дахолати Русия дар интихоботи ИМА доир шудааст, аммо Лавров мегӯяд, дар бораи кам кардани шумори дипломатҳои амрикоӣ дар Русия суҳбат кардааст (видеои Настоящее время)

- Дар Киев ёди қурбониёни таъқибҳои сталиниро гиромӣ доштанд. «Террори бузург» – маъракаи фарогири саркубсозиҳои шарҳрвандон дар шӯравии пешин солҳои 1937-1938 бо дастури роҳбари СССР Иосиф Сталин доир шуда буд. Ин маърака барои маҳв кардани мухолифони сиёсӣ, тарс додани мардум, тағйир додани сохтори милливу иҷтимоии ҷамъият рӯи даст гирифта шуд (нигористон)

- "Чаҳорроҳа". Қирғизистон дар Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё. Соҳибкорони қирғизро чи интизор аст (видео)

- 5 достони шампон дар солгарди ихтирои он. Сарпӯши шишаи шампон бо чи суръат канда мешавад, Уинстон Черчил дар тӯли умраш чанд шиша шампон нӯшид ва дар ҳар шиша чанд ҳубоб мавҷуд аст? (видео аз Директ)

- «Кулба» дар Вирҷиния: тарабхонае, ки арзиши се соат роҳро аз Вашингтон дорад (видео аз Директ)

- Ислоҳоти бахши муҳоҷирати Трамп: чи чизро он тағйир медиҳад? (видеои Настоящее время)

- Суҳбатҳои дуруғин. Мутахассисон аз донишгоҳи Вашингтон технологияи шинохти суҳбатҳои дуруғинро дар навор ихтироъ карданд (видеои Настоящее время)

- Туркманистон: Аксҳои ҳафта (нигористон)​

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG