Ссылки доступа

Аз ҷанги Гурҷистону Русия 9 сол гузашт


Ин задухӯрди мусаллаҳона, ки бо номи "ҷанги панҷрӯза" маъруф аст, 8 августи соли 2008 оғоз шуд. Нерӯҳои Гурҷистон шаби 7 ба 8 август Тсхинвалиро тирборон карда, талош карданд, ки идораи Осетияи Ҷанубиро дубора ба даст гиранд.

Гуруҳҳои мусаллаҳи Осетияи Ҷанубиро дар ин ҷанг Кремл кумак кард ва президенти вақти Русия Дмитрий Медведев ба амалиёти "маҷбур сохтани Гурҷистон ба сулҳ" оғоз бахшид.

Задухӯрдҳои мусаллаҳона то 12 август идома ёфта, дар натиҷаи он 412 низомии Гурҷистон ва 67 сарбози Русия ҷон бохтанд.

Ин низоъ пайомадҳои назарраси геополитикию иқтисодӣ низ дошт. Русия 26 августи соли 2008 расман Осетияи Ҷанубӣ ва Абхазистонро ҳамчун "ҷумҳуриҳои мустақил" эътироф кард ва Тифлис 2 сентябри ҳамон сол робитаҳои дипломатиро бо Москва қатъ намуд.

Барқарории тамомияти арзии Гурҷистон ҳамоно яке аз се масъалаи муҳимест, ки сокинони ин кишварро нигарон кардааст.

Мақомоти Тифлис ва бештари кишварҳои ғарбӣ ҳанӯз ҳам исрор доранд, ки Русия аз эътирофи "истиқлолият"-и минтақаҳои Гурҷистон даст кашад.

XS
SM
MD
LG