Ссылки доступа

Назарбоев таъсири таҳримҳои зидди Русияро ба Қазоқистон аз эҳтимол дур намедонад


Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дирӯз аз рухсатии меҳнатӣ ба иҷрои вазифаҳояш баргашта ва бо сарвазири кишвараш Бакитҷон Сагинтаев мулоқот кард.

Дар ин мулоқот Назарбоев гуфт, ки ҳукумат барои ноил шудан ба нишондодҳои хуб бояд "дучанд" кор кунад, зеро мумкин аст, таҳримҳои нави Ғарб нисбати Русия ба иқтисоди Қазоқистон низ таъсир расонанд.

"Ман бар ин назарам, ки ҳукумат бо тамоми нерӯ кор мекунад. Ман ба ҳамагон муроҷиат мекунам, ки бояд то охири сол ба таври бояду шояд кор кунем, то ки ин солро бо нишондодҳои хуб пушти сар созем. Хатарҳо вуҷуд доранд. Тағйирёбии нархи барқ, маҳсулоти хом. Таъсири таҳримҳои Ғарб нисбати Русия. Инро бояд дар назар дошт", - гуфт Назарбоев.

Таҳримҳои нави иқтисодӣ нисбати Русия аз сӯи президенти ИМА Доналд Трамп 2 август имзо шуд. Худи ҳамон рӯз қурби доллар дар Қазоқистон боло рафт.

XS
SM
MD
LG