Ссылки доступа

Liglass барои ҳаққи бунёди нерӯгоҳҳои Қирғизистон ба Русия $37 млн медиҳад


Ширкати чехии Liglass Traiding CZ бояд давоми як моҳи баъди тасдиқи созишномаи сармоягузорӣ аз сӯи саҳмдорони ширкати "Пойгоҳҳои барқӣ", ба Русия 37 миллион доллар пардохт кунад.

Давоми се моҳи дигар бояд асосноксозии иқтисодиву техникии лоиҳаро коркард кунад. Дар ин бора мудири кулли ширкати "Пойгоҳҳои барқӣ" Улуғбек Кодирбеков хабар дод.

Ба гуфтаи вай, саҳмдорони ширкат 4 август ҷаласа баргузор карда, 96 дар сади ширкатдорон аз созишнома ҷонибдорӣ карданд.

10 июли соли равон намояндагони ҳукумати Қирғизистон ва ширкати чехии Liglass Trading CZ дар ҳузури президенти ин кишвар Алмосбек Отамбоев созишномаи бунёди силсилаи нерӯгоҳҳои Норини Боло ва 10 нерӯгоҳи хурдро имзо карданд.

Дертар расонаи чехии aktualne.cz матлаберо дар бораи Liglass нашр карда, навишт, ки "як ширкати гумноми Чехия дар Қирғизистон нерӯгоҳ месозад".

XS
SM
MD
LG