Ссылки доступа

Машқи низомии Тоҷикистон дар марз бо Ӯзбекистону Қирғизистон


Қарор аст дар нимаи дувуми август дар вилояти Суғд тамринҳои густурдаи сохторҳои қудратии кишвар бо ҷалби нерӯҳои эҳтиётӣ баргузор шавад. Ин машқҳои низомӣ дар манотиқи ҳаммарз бо Ӯзбекистон ва Қирғизистон бо ҳадафи санҷиши ҳунари низомиён дар ҷилавгирӣ аз вуруди гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгаро аз Тоҷикистон ба ин кишварҳо унвон мешавад.

​Фаридун Маҳмадализода, сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон зимни тасдиқи хабари баргузории тамриноти густурдаи нирӯҳои мусаллаҳи кишвар дар қаламрави вилояти Суғд, гуфт, ин машқҳо шабеҳи размоише аст, ки баҳори соли ҷорӣ бо ҷалби ҳудуди 50 ҳазор низомӣ ва нерӯҳои эҳтиётӣ дар вилояти Хатлон, дар ҷануб доир шуда буд.

Вай гуфт, машқҳои амалӣ дар вилояти Суғд баргузор мешаванд, вале ҳоло наметавонад бигӯяд, ки чӣ теъдоде аз низомиён ва нерӯҳои эҳтиётӣ ба ин тамринҳо ҷалб карда мешаванд.

Рӯзи гузаштаи 6-уми август бархе сокинони манотиқи шимолии Тоҷикистон шоҳиди интиқоли тонку зиреҳпӯшҳо дар ҳудуди ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд шуданд. Низомиёни ширкатдори ин машқҳо мегӯянд, ҳадафи тамринҳо -- муқобила бо терроризм ва ҷилавгирӣ аз убури марз аз ҷониби террористон мебошад.

XS
SM
MD
LG