Ссылки доступа

Мирзиёев дар зодрӯзаш ба қароргоҳи нав кӯчид (видео)


Барои президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёв дар деҳаи "Байтқӯрғон"-и ноҳияи Қибрайи вилояти Тошканд қароргоҳи нав бунёд мекунанд.

Масоҳати қароргоҳ, ки дар ҳоли ҳозир атрофаш девори баланд гирифта шудааст, чанд гектар мебошад. Барои бунёди он дар деҳаи "Байтқӯрғон" манзили зисти даҳҳо сокинро тахриб ва роҳҳоро васеъ кардаанд.

Ба гуфтаи як масъули ҳукумати Қибрай, фармоишгари ин қароргоҳ дастгоҳи президенти Ӯзбекистон буда, корҳои сохтмонии онро муовини раҳбари дастгоҳ Ойбек Турсунов назорат мекунад. Турсунов шавҳари духтари калонии Мирзиёев -- Саида аст.

Панорамный снимок резиденции президента Шавката Мирзияева на карте Google.
Панорамный снимок резиденции президента Шавката Мирзияева на карте Google.

Яке аз муҳандисон ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, қисмати бунёдшудаи қароргоҳро 24 июл, дар рӯзи зодрӯзи Мирзиёев бо тантана ифтитоҳ карданд. "Дохили қароргоҳ бо сангҳои мармари кабуде, ки аз Аргентина овардаанд, ба қисматҳо ҷудо карда мешавад. Як метри мураббаи ин санг 500 доллари амрикоист", - афзуд ӯ.

Ба гуфтаи як масъули дигари ҳукумати Қибрай, ба сокиноне, ки манзилҳояшон дар робита ба бунёди қароргоҳи нави президенти Ӯзбекистон тахриб шудаанд, ҳамчун ҷуброн қитъаҳои замин ҷудо ва хонаҳо бунёд карда мешавад.

Президенти Ӯзбекистон то имрӯз дар манзили шахсияш зиндагӣ мекард, ки дар кӯчаи Шамси Тошканд ҷойгир аст.

XS
SM
MD
LG