Ссылки доступа

Гирдиҳамоӣ ба тарафдорӣ аз рӯзноманигор Алӣ Фирӯз дар Петербург


Чандин тан аз фаъолони ҳизбу ҳаракатҳои мухталиф, рӯзноманигорон ва фаъолони ҷамъиятӣ дар хиёбони Невский ба пуштибонӣ аз рӯзноманигор Алӣ Фирӯз гирдиҳамоӣ ташкил карданд. Додгоҳи Басмани Москва қарори истирдоди Алӣ Фирӯзро аз Русия ба Ӯзбекистон содир кард. Рӯзноманигор мегӯяд, дар ватанаш ӯро зиндону шиканҷа таҳдид мекунад.

Елена Шендера, яке аз фаъолон бар ин назар аст, ки дар Ӯзбекистон зиндонҳое мавҷуд аст, ки ба ҳеч ваҷҳ набояд истирдод сурат гирад - ин маънии ба қатл фиристодани одамро дорад.

Иван Овсянников, фаъоли Ҳаракати сотсиалистии Русия истирдоди одамеро, ки дар ватанаш таъқиби сиёсӣ мешавад, маҳкум мекунад. Вай ҳамчунин истирдоди Алӣ Фирӯзро ҳамчун муҳоҷир қабул надорад, зеро ба гуфтаи вай, ин ҳолат бори дигар собит мекунад, ки иқдомҳои табъйизомез дар Русия на танҳо ба муҳоҷирони қаторӣ, балки нисбати муҳоҷирони соҳибтахассус ва соҳибмаълумот ҳам амалӣ мешаванд.

Ба ҷуз ин, Иван Овсянников хотиррасон мекунад, ки Алӣ Фирӯз ҳамҷинсгарои ошкоро аст ва ба вижа дар иқдомҳои ҷонибдорӣ аз вай намояндагони ҷамъиятҳои ҳамҷинсгароён низ ширкат мекунанд. Бисёре аз роҳгузарон дар хиёбони Невский ба гирдиҳамоӣ таваҷҷуҳ зоҳир ва ба рӯзноманигори ӯзбек изҳори ҳамдардӣ карданд.

Сарфи назар аз он ки Алӣ Фирӯз қонунан вориди Русия шуда, онҷо 6 сол зиндагӣ кард, ҳоло вай дар маркази нигаҳдории муваққати шаҳрвандони хориҷӣ ҷойгир карда шудааст. Шикояти вай дар додгоҳи шаҳрии Москва бояд 7 август баррасӣ мешуд, аммо ба таъхир гузошта шудааст.

XS
SM
MD
LG