Ссылки доступа

Гунаҳкорони занозании Душанбе зиндонӣ шуданд


Парвандаи пурсарусадои занозании ҷавонони маҳаллаҳои 102 ва 103-и пойтахт баъд аз чанд моҳи баррасӣ поён ёфт ва додгоҳ авохири ҳафтаи гузашта, ҳукми худро дар нисбати муттаҳамон эълон кард. Дар ин ҳодиса, ки шаби 2-юми январи соли ҷорӣ рух дод, ду нафар кушта ва чанд тани дигар захм бардошта буданд.

Ба иттилои Додгоҳи шаҳри Душанбе, ду ҷавоне, ки дар куштори Иброҳим Хоҷаев ва Сомон Шарифов даст доштанд, ба муддати 10-солӣ аз озодӣ маҳрум шуданд. Ин ду нафар бо моддаи 104 (куштор), гунаҳкор дониста мешаванд. Додгоҳ номи маҳкумшудаҳоро ба хотири ноболиғ буданашон, ошкор накардааст. Ҳамчунин ба гуфтаи манбаъ, чаҳор ҷавони дигар, ки низ ноболиғ мебошанд, ба муддати 5-солӣ аз озодӣ маҳрум шуда ва ду нафари дигар ба маблағи 5000 сомонӣ, ҷарима шудаанд.

Додгоҳи шаҳри Душанбе мегӯяд, ки имрӯз, 8-уми август дар як мурофиаи дигар, ҳукми ду нафари дигар аз афроди боздоштшудаи ин гурӯҳро, эълон хоҳад кард.

Дар моҳи май гурӯҳе аз волидони ин ҷавонон ва вакилони дифои онҳо ба мақомоти тафтишотӣ пешниҳод карда буданд, ки дар парвандаи онҳое, ки дар қатл бевосита даст надоштанд ва ё дар лаҳзаҳои занозанӣ ҳузур доштанду қасди куштор надоштанд, бозбинӣ сурат бигирад. Дар оғоз ҳамаи 20 ҷавоне, ки дар боздоштгоҳи муваққатӣ қарор доштанд, бо моддаи 104-и Кодекси ҷиноӣ, яъне "куштор" муттаҳам дониста мешуданд.

Ин занозанӣ соати даҳи шаби 2-юми январи имсол миёни ҷавонони маҳаллаи 102 ва 103-юми пойтахт рух дода, дар натиҷаи он Хоҷаев Иброҳим Ибодуллоевич (1998) ва Шарифов Сомон Шарофиддинович (1999), аз захмҳои амиқ ҷон бохтаанд.

XS
SM
MD
LG