Ссылки доступа

Сафари кории сарвазири Ӯзбекистон ба Қирғизистон


Шуъбаи сиёсати иттилоотии дастгоҳи президенти Қирғизистон хабар додааст, ки ҳафтаи оянда сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов дар доираи як сафари корӣ аз ин кишвар боздид хоҳад кард.

Сарвазирони Қирғизистону Ӯзбекистон 7 август телефонӣ суҳбат карда, масоили марбут ба ҷаласаи навбатии комисияҳои байниҳукуматии ду кишварро оид ба таъйину аломатгузории хати марз ва ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ кардаанд.

Тибқи нақша, ҷаласаи ин комисияҳо аз 15 то 17 август дар соҳили Иссиқкӯл, дар шаҳри Чолпон-Отаи Қирғизистон баргузор мешавад. Орипов низ дар доираи ин ҷаласаи комисияҳо ба Қирғизистон хоҳад рафт.

Ба ҷуз ин, Орипов ҳангоми суҳбати телефонӣ омодагии Тошкандро барои баргузории Рӯзҳои фарҳангии Ӯзбекистон дар Қирғизистон дар моҳи октябри соли равон баён доштааст.

Муносибати Қирғизистону Ӯзбекистон аз тирамоҳи соли 2016 рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст. Ҳайати Бишкек 1 октябри соли гузашта бо даъвати Тошканд аз шаҳри Андиҷон боздид ва дар чорабинии бахшида ба рушди робитаҳои Қирғизистону Ӯзбекистон иштирок кард. 26 октябр ҳайати Ӯзбекистон низ сафари ҷавобии дӯстонаеро ба Қирғизистон анҷом дод.

XS
SM
MD
LG