Ссылки доступа

Вакили дифои Алӣ Фирӯз: ҷони рӯзноманигор дар хатар аст


Али Феруз
Али Феруз

Вакили дифоъ Филипп Шишов, ки аз ҳуқуқи рӯзноманигори нашрияи "Новая газета" Алӣ Фирӯз дар додгоҳ ҳимоят мекунад, аз хатари эҳтимолӣ ба ҷони зерҳимояаш изҳори нигаронӣ дорад.

Ӯ мегӯяд, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо вуҷуди осори латукӯб дар бадани Фирӯз барои таҳқиқи шиканҷаи рӯзноманигор ҳанӯз ҳам парванда боз накардаанд. "Намехоҳам, рӯзе аз маркази нигаҳдории муваққати шаҳрвандони хориҷӣ хабар диҳанд, ки Фирӯз худкушӣ кардааст", - афзуд Шишов.

Алӣ Фирӯз, ки номи аслияш Худобердӣ Норматов аст, 1 август дар шаҳри Москва боздошт шуд. Ӯро дар нақзи қонунҳои муҳоҷирати Русия айбдор мекунанд. Додгоҳи Москва қарори ихроҷи ӯро аз Русия содир кард. Ба гуфтаи наздикону ҳамкоронаш, рӯзноманигор дар сурати истирдодаш ба ватан -- Ӯзбекистон шиканҷа хоҳад шуд.

Алӣ Фирӯз то содир шудани ҳукми Додгоҳи ҳуқуқи инсони Аврупо, ки шикояти рӯзноманигорро баррасӣ хоҳад кард, дар Русия мемонад.

XS
SM
MD
LG