Ссылки доступа

Путин "амнияту истиқлолият"-и Абхазистонро кафолат дод


Президенти Русия Владимир Путин гуфт, Москва амният ва истиқлолияти минтақаи ҷудоихоҳи Гурҷистон -- Абхазистонро кафолат хоҳад дод.

Ин нуктаро Путин 8 август дар мулоқот бо раҳбари Абхазистон Раул Хаҷимба баён дошт. "Аз ҳама муҳимаш ин аст, ки мо амният, истиқлолият ва соҳибихтиёрии Абхазистонро кафолат медиҳем. Бовар дорам, ки дар оянда низ ин гуна хоҳад буд", - афзуд ӯ.

Вазорати умури хориҷии Гурҷистон сафари Путинро ба Абхазистон маҳкум карда, онро "нақзи марзи давлатии Гурҷистон ва идомаи сиёсатҳои ҳадафмандонаи Москва номид, ки зидди ин кишвар равона шудаанд".

Иттиҳоди НАТО низ аз сафари Путин ба Абхазистон дар солгарди оғози ҷанги Русияву Гурҷистон нигаронӣ кард. Ин задухӯрди мусаллаҳона 8 августи соли 2008 оғоз шуда, 5 рӯз идома кард. Дар натиҷаи он Москва "истиқлолият"-и Абхазистон ва минтақаи дувуми ҷудоихоҳ -- Осетияи Ҷанубиро эътироф кард.

Дар Абхазистон ва Осетияи Ҷанубӣ ҳазорҳо сарбози Русия қарор доранд. Мақомоти Гурҷистон Москва ва ҷудоихоҳонро ба он айбдор мекунанд, ки вақтҳои ахир баъзе аз минтақаҳои дигари ин кишварро ишғол кардаанд.

XS
SM
MD
LG