Ссылки доступа

Остона эҳтимоли таъсири таҳримҳои зидди Русияро меомӯзад


Вазорати энергетикаи Қазоқистон эҳтимоли таъсири таҳримҳои нави зидди Русия ба тарҳҳои нафту гази худро меомӯзад. Дар ин бора расонаҳои маҳаллӣ иттилоъ додаанд.

Таҳримҳои нави ИМА, ки ба тарҳҳои нафту газ ва бахши бонкдорӣ низ дахл доранд, вазорати энергетикаи Қазоқистонро нигарон кардааст. Ба иттилои Tengrinews, вазорат хатари эҳтимолии таҳримҳоро ба тарҳҳои "КазМунайГаз", ки дар бахши русиягии баҳри Хазар иҷро мешаванд, меомӯзад.

Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев 7 август дар мулоқот бо раиси ҳукуматаш Боқидҷон Сагинтаев дар бораи хатарҳои тағйирёбии нархи барқу маҳсулоти хом ба иқтисоди ин кишвар ва таъсири эҳтимолии таҳримҳои нави зидди Русия суҳбат кард.

Ба иттилои Tengrinews, вазорати энергетикаи Қазоқистон гуфт, таҳримҳои нави Амрико ба тарҳи Карачаганаг таъсир нахоҳанд расонд. Вале ин ниҳод хатари эҳтимолӣ ба нақшаи тавсеаи Иттиҳодияи хати лӯлаи гази Хазарро меомӯзад, ки саҳмияҳои онро ҷониби Русия дар ихтиёр дорад.

Конгресси ИМА охири моҳи июл дар посух ба ҳимояти Русия аз ҷудоихоҳони Украина, ишғоли Қрим ва дахолат дар интихоботи президентии Амрико лоиҳаи қонунеро дар бораи таҳримҳои зидди Москва тасвиб кард. Лоиҳаро президент Доналд Трамп низ имзо намуд ва он ба ширкатҳои энергетикии Русия низ дахл хоҳад дошт.

XS
SM
MD
LG