Ссылки доступа

$1,3 млн қарзи ширкатҳои интернетии Тоҷикистон аз "Қирғизтелеком"


Ширкатҳои таъминкунандаи интернети Тоҷикистон "Телеком Технолоҷӣ" ва "Сатурн Онлайн" аз ширкати қирғизии "Қирғизтелеком" 1 миллиону 349 ҳазор доллар қарздор шудаанд. Дар ин бора мудири ширкати "Қирғизтелеком" Нурлан Мадаминов иттилоъ дод.

Ба гуфтаи вай, қарзи "Сатурн Онлайн" бештар аз 662 ҳазор доллар аст. Додгоҳи байналмилалии ҳакамӣ ширкати тоҷикиро дастур додааст, ки қарзро пардозад, аммо ба гуфтаи масъули қирғиз, "ширкат барои иҷрои қарори додгоҳ талош надорад".

"Дар робита ба ин "Қирғизтелеком" қатъиян хоҳиш мекунад, ки ҳукумати Қирғизистон ин масъаларо бо ҳукумати Тоҷикистон баррасӣ кунад", - гуфт Мадаминов.

Қарзи ширкати дигари Тоҷикистон "Телеком Технолоҷӣ" наздики 687 ҳазор долларро ташкил медиҳад. "Қирғизтелеком" ин ширкатро ба додгоҳи байналхалқии ҳакамӣ кашидааст.

Ширкати "Қирғизтелеком" - яке аз калонтарин ширкатҳои инетрентрасони Қирғизистон аст. Ба иттилои ширкат, он беш аз 450 ҳазор муштарӣ дорад. 78 дарсади саҳмияҳои ширкат дар ихтиёри Бунёди идораи амволи давлатии Қирғизистон аст. 12 дарсад дар дасти Бунёди иҷтимоӣ, 10 дарсади дигар дар ихтиёри саҳҳомони хусусист.

XS
SM
MD
LG