Ссылки доступа

Сокинони вилоятҳои Туркманистон барои вуруд ба Ишқобод соатҳо мунтазир мемонанд


Дар робита ба маҳдуд шудани вуруди мошинҳои вилоятӣ ба пойтахти Туркманистон - шаҳри Ишқобод, сокинони вилоятҳо маҷбуранд, дар истгоҳҳои берунишаҳрӣ соатҳо мунтазири нақлиёти ҷамъиятӣ шаванд.

Ёдрас мешавем, дар остонаи бозиҳои Осиё-2017 вуруди мошинҳои сокинони вилоятҳои Туркманистон ба шаҳри Ишқобод маҳдуд шуд. Тибқи дастури шифоҳии мақомот, сокинони минтақаҳо, ки мехоҳанд ба пойтахт биёянд, бояд мошинҳояшонро дар истгоҳҳои берунишаҳрӣ гузоранд.

Ба гуфтаи сокинон, гардиши нақлиёти ҷамъиятӣ аз таваққуфгоҳҳои берунишаҳрӣ кам мушоҳида мешавад.

"Мусофирон ҳадди ақал 1 соату 20 дақиқа нақлиётро мунтазир мешаванд", - мегӯяд сокини Ишқобод Аманмурод Бугаев.

Дар бораи сохтани таваққуфгоҳҳои махсус дар берун аз Ишқобод расонаҳои Туркманистон ҳанӯз моҳи май иттилоъ дода буданд. Ибтидои моҳи апрел дар бораи пок кардани шаҳр аз мошинҳои фарсуда хабар расида буд.

XS
SM
MD
LG