Ссылки доступа

Вақте наздикони мансабдорон ҳамеша "аз об хушк мебароянд" (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон аз рӯзи 8-уми августи соли 2017 (видео)

- Қиссаи нобиноёне, ки бо телефон ҷуфти худро ёфтанд. Дар гузашта нобиноён бо мушкили зиёде барои худ ҳамсар пайдо мекарданд. Аммо бо пешрафти илму техника, ба хусус истифода аз Интернет ва сӯҳбатҳои телефонӣ, мушкили ин табақа дар интихоби шарики зиндагӣ осонтар шудааст. (видео)

- Вақте наздикони мансабдорон ҳамеша "аз об хушк мебароянд". Вақте хабари содир шудани ҷинояти вазнине аз сӯи наздикон ё фарзандони афроди мансабдор ва бонуфуз пахш мешавад, ҳатто чанд рӯз баъд ҳам сохторҳои ҳифзи қонун талош мекунанд, хомӯш бошанд ва ҳеҷ расонае наметавонад мавқеи онҳоро дар ин замина бишнавад (видео)

- Гирифтани Моҳ дар як шаби софи Душанбе. Тирашавӣ ва ё гирифтани Моҳ дар қаламрави Тоҷикистон соати 22-ву 20 дақиқаи шаби 7-уми август оғоз шуд ва тақрибан 2 соат идома кард (видео)

- Духтарони тоҷик шавҳари хориҷӣ кунанд? Сокинони шаҳри Душанбе гуфтанд, ки духтарони тоҷик ояндаи худро бо кӣ бупайванданд.

- Бо хурдсолтарин сиркбози Тоҷикистон ошно шавед. Манучеҳри Шарифзода, хурдсолтарин сиркбози тоҷикро, масъулони сирк аз як озмуни ноҳиявӣ пайдо кардаву ба ин толор овардаанд. То онзамон, аз маҳорати Манучеҳри шашсола танҳо хонавода ва атрофиён огоҳ буданд (видео)

- Дар Қрим лавҳаи ёдгории Фидел Кастроро гузоштанд. (видео)

- Шавқи Трамп ба "Твиттер". Президенти ИМА ҳарчанд бо рӯзноманигорон зиёд суҳбат ҳам накунад, дар Твиттер ба таври шабонарӯзӣ барои ҳамла ба мухолифонашу ситоиш аз ҷонибдоронаш ҳузур дорад. (видео аз Директ)

- Президенти Ӯзбекистон ба додситонҳо "ҳамла" кард. Ҷанг бо фасод ё мубориза барои қудрат? Хадамоти махсусу мақомоти додситонӣ дар Ӯзбекистон қудрати бузургеро дар даст доранд. На ҳамаи намояндагони ниҳодҳои қудратӣ мехостанд, ки Мирзиёев баъди марги Каримов президент шавад. (видеои Настоящее время)

- Аз ҷанги Русия ва Гурҷистон 9 сол гузашт. 9 сол пеш, дар моҳи августи соли 2008 миёни Русия ва Гурҷистон задухӯрди мусаллаҳона рух дод. (нигористон)

- Чикаго маъмурияти ИМА-ро ба додгоҳ кашид. Президент Трамп ваъда медиҳад, ки ба муҳоҷирати ғайриқонунӣ нуқта мегузорад. Вале бештари аёлатҳо зидди ин тасмиманд. Қонунӣ будани ин амали маъмурияти Трампро бори дигар додгоҳ ба баррасӣ мегирад. Чикаго аз болои вазорати адлияи ИМА ба додгоҳ шикоят бурдааст. (видео аз Директ)

- Дучархасаворон ҳастанд, вале роҳи дучархасаворӣ нест. Дар шаҳри Остонаи Қазоқистон низоми ба иҷора гирифтани дучарха ба роҳ монда шудааст ва шумори дучархасаворон низ то рафт меафзояд, вале роҳҳои дучархасаворӣ тақрибан вуҷуд надоранд. (видео)

- Ҷубронпулӣ аз роҳкиро камтар аст. Мақомот мегӯянд, ба осебдидаҳои теракти метрои Петербург ҷуброн намепардозанд. (видеои Настоящее время)

- Фарзандхонӣ аз Русия. Баъди 15 сол (видеои Настоящее время)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG