Ссылки доступа

Тоҷикистон Эронро ба сармоягузории куштори чеҳраҳои машҳур айбдор кард


Вазорати умури дохилии Тоҷикистон Эронро дар сармоягузории куштори чандин чеҳраи саршиноси тоҷик, аз ҷумла Сафаралӣ Кенҷаев, раиси пешини Шӯрои олии кишвар дар соли 1999 ва ҳудуди 20 афсари пойгоҳи 201-и Русия дар солҳои 90-ум айбдор кард.

Ин ниҳод шоми 8 август бо нашри як филми мустанад ба воситаи телевизиони давлатӣ гуфт, Эрон аз сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон манфиатдор буд ва ба ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ кумаки молӣ карда, ҷангиёни онро дар қаламрави худ омода намудааст.

Ба гуфтаи муаллифони филм, Теҳрон ба воситаи Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон, ки дар солҳои 90-ум яке аз фармондеҳони мухолифон буд, ба ҷангиёни ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ кумаки молӣ карда, ин кушторҳоро фармоиш додааст.

Худи Назарзода моҳи сентябри соли гузашта дар ҷараёни як амалиёт кушта шуд. Мақомоти Тоҷикистон он замон гуфтанд, ки ӯ зидди ҳукумат ошӯб кард. Аз соли 1997 то соли 2004 як қатор аз чеҳраҳои саршинос ва донишманди тоҷик кушта шуданд.

Тоҷикистон то кунун ба баъзе аз амалҳои Эрон дар қаламрави кишвар машкук шуда буд. Аммо то ҳол ошкоро Теҳронро дар сармоягузории терроризм ва омода кардани “киллерҳо” айбдор накарда буд.

Сафорати Эрон дар Тоҷикистон дар навбати худ аз мақомоти тоҷик шарҳи ин қазияро талаб кард. Бахши матбуотии сафорат 9 август гуфт, сафири Эрон дар Тоҷикистон феълан дар кишвар қарор надорад, аммо раҳбарияти сафорат дар зудтарин фурсат ин қазияро баррасӣ мекунад.

"Мо бояд мушаххас кунем, ки ин дурӯғҳову таҳвин аз куҷо пайдо шуданд ва сарчашмааш аз куҷо маншаъ мегирад", - афзуд манбаъ.

XS
SM
MD
LG