Ссылки доступа

Норизоӣ аз вазъи зистмуҳитии Оқтеппа


Ҳокими вилояти Оқтеппаи Қазоқистон Бердибек Сафарбоев гуфт, ки талаботи экологӣ нисбати корхонаҳо бояд сахттар шавад. Бар пояи иттилои мақомот, соли ҷорӣ дар натиҷаи фаъолияти даҳҳо корхонаи хурду бузурги шаҳри Оқтеппа 93,7 ҳазор тонна бухорҳои хатарнок ба фазо партофта шудааст.

Ҳоким гуфт, идораҳои дахлдори минтақа солҳои охир нисбати чунин корхонаҳо ҳеч чораи қатъӣ наандешидаанд.

"Агар амали мақомоти масъул таъсир медошт, фазои Оқтеппаро бӯи бад фаро намегирифт ва одамон норозӣ намебуданд. Ин комилан масъалаи ҷиддӣ аст. Вақтҳои охир барои беҳбуди муҳити зист чораҳо андешида мешавад, аммо то кунун натиҷае нест", - гуфт Сафарбоев.

Ба гуфтаи роҳбари бахши экологии вилояти Оқтеппа Жаксигалӣ Имонқулова, сокинони шаҳр аз ҳавои ғализ нафас мекашанд.

XS
SM
MD
LG