Ссылки доступа

САҲА ба интихоботи Қирғизистон беш аз 350 нозир мефиристад


Бюрои институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ба интихоботи президентии Қирғизистон, ки қарор аст 15 октябри имсол баргузор шавад, беш аз 350 нозир мефиристад.

Намояндагии созмон дар шаҳри Бишкек хабар дод, ки 350 нозир барои муддати кутоҳ ва 24 тани дигар барои дарозмуҳлат моҳи октябри соли равон вориди Қирғизистон хоҳанд шуд.

Ба иттилои манбаъ, нозирони САҲА раванди интихоби президентро дар саросари Қирғизистон назорат хоҳанд кард. Онҳо ҳамчунин кори расонаҳоро дар давраи интихобот низ пайгирӣ хоҳанд кард.

Ёдрас мешавем, намояндагии САҲА дар Бишкек аз моҳи майи соли равон бо дархости ҷониби Қирғизистон мақоми худро аз “маркази САҲА” ба “дафтари барномаҳои САҲА” коҳиш дод.

XS
SM
MD
LG