Ссылки доступа

Навбатпоии 8-10-соатӣ дар бонкҳои Андиҷони Ӯзбекистон


Дар Андиҷони Ӯзбекистон маблағҳое, ки аз хориҷ интиқол мешаванд, бо душворӣ ба дасти соҳибонашон мерасанд. Намояндагони бонкҳо сар задани мушкилро эътироф мекунанд.

Ба гуфтаи онҳо, аз Тошканд асъори хориҷӣ ба вилоят кам фиристода мешавад, аммо интиқоли маблағҳо аз хориҷ меафзояд.

Ба гуфтаи Акмал, сокини ноҳияи Шаҳрихони вилояти Андиҷон, вай се рӯз барои дарёфти маблағ интиқолдодаи бародараш ба бонк сар задааст.

"Рӯзи ҷумъа бародарам барои табобати модарам маблағ фиристод. Ман ба бонк рафтам, аммо бонк кор намекард. Субҳи рӯзи шанбе дубора рафтам. Бонк пӯшида буд. Ман маҷбур шудам ба шаҳри Андиҷон равам, онҷо низ дари бонкҳо баста буд", - гуфт вай.

Очередь людей перед зданием филиала банка Ипак йули в городе Андижане.
Очередь людей перед зданием филиала банка Ипак йули в городе Андижане.

Ин сокин мегӯяд, рӯзи душанбе назди дари бонк дар шаҳри Андиҷон 10 соат навбатпоӣ кардааст. Вай мегӯяд, назди бонк одамони зиёде навбатпоӣ мекунанд. ​

Люди стоят в очереди перед зданием филиала банка Ипак йули в городе Андижане, чтобы получить денежный перевод.
Люди стоят в очереди перед зданием филиала банка Ипак йули в городе Андижане, чтобы получить денежный перевод.

Намояндаи бонки "Infinbank" дар вилояти Андиҷон ҷамъшавии одамонро тасдиқ мекунад.

"Ин ҷо ду сабаб аст. Нахуст, дар тобистон интиқоли маблағ бештар мешавад, баъдан ҳоло шумори одамоне, ки аз ноҳияҳо барои дарёфти маблағ ба шаҳр меоянд, зиёд шудааст. Намояндагии ноҳиявии бонкҳо додани маблағҳои интиқолшударо қатъ карданд. Барои ҳамин ҳама ба шаҳр меоянд", - гуфт намояндаи бонк.

XS
SM
MD
LG