Ссылки доступа

Бозҷӯӣ дар идораи нашрияи "Страна.ua"-и Украина


Дар идораи нашрияи интернетии "Страна.ua"-и Украина ва манзили кормандони он бозҷӯӣ идома дорад. Аммо нашрияи интернетӣ дар ҳолати муқаррарӣ фаъолият мекунад.

Хадамоти амнияти Украина мегӯяд, мақомоти қудратӣ дар компютерҳои кормандон мавҷуд будан ё набудани сирри давлатиро меҷӯянд.

Расонаҳои маҳаллӣ менависанд, ки аз Игор Гужва, сармуҳаррири нашрия ҳафтаи гузашта сирри давлатии вазорати мудофиа пайдо карда шуд. Сармуҳаррир ин иттилоъро бофта номид.

Игор Гужва бо гумони тамаъҷӯӣ боздошт шуд, аммо ӯро баъдтар раҳо карданд. Ба иттилои тафтишот, вай барои нашр накардани маълумот дар бораи яке аз сиёсатмадорон, пора гирифтааст. Вале рӯзноманигор таъқибҳоро пайомади матлабҳои интиқодӣ дар бораи яке аз вакилони порлумон медонад.

XS
SM
MD
LG