Ссылки доступа

Олмон аз ихроҷи ҳазорон паноҳандаи афғон даст кашид


Мақомоти Олмон аз ихроҷи дастҷамъонаи паноҳандагони афғон худдорӣ кард. Вазорати умури хориҷии ин кишвар арзёбиашро роҷеъ ба вазъи амниятии Афғонистон тағйир дода, номи онро аз рӯйхати давлатҳои амн берун кард.

Олмон то имрӯз вазъи амниятии Афғонистонро қаноатбахш мешумурд. Дар рӯйхати кишварҳои "амн" ҳамчунин Албания, Македония, Монтенегро ва Сербия шомил шудаанд. Паноҳҷӯёни ин давлатҳоро Олмон ба ватанашон баргардонд.

Ҳукумати Олмон барнома дошт, ки ҳудуди 10 ҳазор паноҳандаи афғонро ихроҷ кунад. Ин қарор моҳи ноябри соли гузашта қабул шуд. Вале баъди терактҳои Кобул дар моҳи майи соли ҷорӣ, ки 80 кушта бар ҷой гузоштанд, Олмон баҳои худро ба вазъи амнияти Афғонистон бознигарӣ кард.

Соли 2016 Олмон 27 паноҳҷӯи афғонро ба ватанашон бозгардонд. Соли равон ин рақам ҳамагӣ 9 нафар буд. Ҳоло дар ин кишвар ҳудуди 250 ҳазор паноҳандаи афғон ҳузур доранд.

XS
SM
MD
LG