Ссылки доступа

Баъд аз корпартоӣ Русия маоши муҳоҷирони тоҷикро пардохт


Муҳоҷирони тоҷик, ки дар шаҳри Калинингради Русия барои баргузории ҷоми ҷаҳонии "Футбол-2018" зери раҳбарии ФИФА варзишгоҳ месозанд, пас аз панҷ моҳи таъхир маоши худро дарёфт карданд.

Дар сохтмони варзишгоҳи Калининград, ки то охири соли 2017 бояд ба истифода дода шавад, беш аз 500 шаҳрванди ҷумҳуриҳои пешини шӯравӣ, аз ҷумла зиёда аз 100 муҳоҷири тоҷик кор мекунанд.

Саид Ҳакимов, яке аз ин муҳоҷирони тоҷик 8 август гуфт, ҳафтаи гузашта корфармоён маоши панҷмоҳаи шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистонро пардохт карда, ҳамчунин ваъда доданд, ки дар пардохти маоши ояндаашон таъхиркорӣ нахоҳад шуд.

Маоши миёнаи муҳоҷироне, ки иншооти бозиҳои ҷоми ҷаҳонии "Футбол-2018"-ро бунёд мекунанд, тақрибан 30 ҳазор рубли русӣ (наздики $500) аст. Шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон аз моҳи март ба ин сӯ маош нагирифта буданд ва ахиран даст ба корпартоӣ заданд.

Дар ширкати сохтмонии "Крокус Интернэшнл", ки варзишгоҳро бунёд мекунад, ваъда доданд, ки дар оянда маоши муҳоҷиронро сари вақт пардохт хоҳанд кард.

Сабаби дер пардохт шудани маоши муҳоҷиронро корфармоён ба таъхир дар ҷудо шудани пул аз буҷаи давлати Русия рабт доданд.

XS
SM
MD
LG