Ссылки доступа

Хориҷиҳо визаи электронии Қирғизистонро дар се рӯз дастрас мекунанд


Шуруъ аз моҳи сентябри соли ҷорӣ дар Қирғизистон низоми додани визаҳои электронӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ фаъол мешавад. Барномаи "Визаи электронӣ" 9 август дар вазорати умури хориҷии Қирғизистон муаррифӣ шуд.

Эркин Асангулов, масъули вазорати умури хориҷии Қирғизистон гуфт, низоми нав ба шаҳрвандони хориҷӣ имкон медиҳад, ки визаи сайёҳӣ ва кориро тавассути Интернет бе муроҷиат кардан ба сафоратхонаҳо ё консулгариҳо дастрас кунанд.

Барои пайдо кардани виза дар шакли электронӣ шаҳрванди хориҷӣ ё ҷониби даъваткунанда бояд ба сомонаи "evisa.e-gov.kg" ворид шуда, варақаи махсусро пур кунад. Ҳамчунин шомил кардани акс ва нусхаи шиноснома ба варақа ҳатмӣ аст. Пардохти арзиши виза тавассути суратҳисоби бонкӣ сурат мегирад. Муҳлати баррасии аризаи мазкур барои дарёфти визаи электронӣ ҳамагӣ 3 рӯзи кориро дар бар мегирад.

XS
SM
MD
LG