Ссылки доступа

Дар Қазоқистон хостори раҳоии пулисҳои айбдор ба шиканҷа шуданд


Дар додгоҳи баррасии шикоятҳои Қазоқистони Шарқӣ 9 август парвандаи 5 корманди шуъбаи умури дохилии ноҳияи Улбинскийи шаҳри Уст-Каменогорск баррасӣ шуд, ки 1 июли соли равон бо ҷурми шиканҷа сесолӣ аз озодӣ маҳрум гаштанд.

Дар қарори додгоҳи шаҳри Уст-Каменогорски Қазоқистон омадааст, ки ин 5 корманди пулис ҷабрдида Ербол Касеновро шиканҷа карда, маҷбур намудаанд, ки дуздиеро ба гардан гирад. Касенов дар натиҷа гуноҳро ба гардан гирифта, бо айби дуздӣ 3 солу 6 моҳ зиндонӣ шудааст.

Додситонии Қазоқистони Шарқӣ баъди зиндонӣ шудани кормандони пулис ба ҳукми додгоҳ эътироз баён карда, далелҳои шайъии парвандаи онҳоро зери шубҳа қарор додааст. Ин ниҳод аз додгоҳ талаб дорад, ки кормандони пулисро сафед кунад.

Вакилони дифои кормандони пулис низ мегӯянд, гуноҳи зерҳимояҳои онҳо дар додгоҳ исбот нашудааст.

1 июл, баъди эълони ҳукм даҳҳо корманди шуъбаи умури дохилии Улбинский дар назди бинои додситонии вилоятӣ эътироз карда, гуфтанд, ҳамкоронашон беасос ба шиканҷа айбдор шудаанд. Баррасии шикояти маҳкумшудаҳо 11 август идома хоҳад ёфт.

XS
SM
MD
LG