Ссылки доступа

Даъвати созмонҳои ҷаҳонӣ ба қатъи таъқиби рӯзноманигорон дар Туркманистон


Созмонҳои ҳомии ҳуқуқии байналхалқӣ аз ҷумлаи "Дидбони ҳуқуқи башар" ва "Ташаббуси Туркманистон дар умури ҳуқуқи башар" аз роҳбарияти Шӯрои олимпии Осиё талаб дорад, ки ҳукумати Туркманистонро ба таъмини фаъолиятҳои касбии рӯзноманигорон даъват намояд.

Созмонҳо навиштаанд, ки Маншури олимпӣ эҳтироми озодии расонаҳоро қоил аст ва роҳбарияти Шӯрои олимпии Осиё бояд озодии рӯзноманигорони зиндониро талаб кунад.

Дар изҳороти созмонҳо омадааст, ки расонаҳо дар Туркманистон дар шароити маҳдудиятҳои зиёд фаъолият мекунанд, расонаҳои хориҷӣ аксаран ҳаққи кор дар ин кишварро надоранд ва хабарнигорони маҳаллии расонаҳои хориҷӣ таъқибу тарс дода ва гоҳҳо зиндонӣ ҳам мешаванд.

Рӯзноманигори мустақил Солтан Очилова ахиран ҳадафи фишору таъқибҳо қарор гирифтааст, менависанд созмонҳо.

Ҳамзамон фаъоли Хабарҳои алтернативии Туркманистон Гаспар Маталаев бо айбҳои сохта муҳлати зиндонро пушти сар мекунад. Хабарнигори ғайриштатии Радиои Озодӣ Сапармамед Непесқулиев аз соли 2015 ба ин сӯ муҳлати сесолаи зиндонро бо айбҳои сохта адо мекунад.

XS
SM
MD
LG