Ссылки доступа

Ӯзбекистон сиёсати минтақавиашро муаррифӣ мекунад


Вазорати умури хориҷии Ӯзбекистон дар якҷоягӣ бо созмонҳои хориҷӣ дар шаҳри Тошканд 11 август конфронси байналхалқии "Осиёи Марказӣ - самти афзалиятноки сиёсати хориҷии Ӯзбекистон"-ро баргузор мекунад.

Тавре созмондиҳандагон иттилоъ доданд, дар конфронс ҳадаф ва муҳтавои сиёсати муосири Ӯзбекистон дар минтақа, ки ба тақвияти муносибатҳои дӯстона ва ҳусни ҳамсоядорӣ бо кишварҳои ҳаммарз равона шудааст, шарҳ дода мешавад. Ҳамзамон ҷониби Ӯзбекистон мавқеъ ва роҳҳои ҳалли масоили калидӣ барои таъмини амният ва рушди устувори минтақаро муаррифӣ мекунад.

Барои ширкат дар конфронс, вакилон, таҳлилгарону коршиносон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, намояндагиҳои дипломатӣ, сафирони Ӯзбекистон дар кишварҳои ҳамсоя, намояндагони вазоратҳову идораҳо, рӯзноманигорон ва дигарон даъват шудаанд.

XS
SM
MD
LG