Ссылки доступа

Ҳалокати ду нафар дар суқути ҳавопаймо дар Қазоқистон


Мақомоти ҳавонавардии Қазоқистон хабар доданд, ки дар наздикии шаҳри Алмато як ҳавопаймои таълимӣ суқут карда, дар ин ҳодиса ду нафар ҷон бохтаанд.

Ба огаҳии Кумитаи авиатсияи шаҳрвандии Қазоқистон, ҳавопаймои "Tecnam 2002"-и Академияи ҳавонавардии мулкии ин кишвар субҳи 10 август дар 2-километрии фурудгоҳи Азим сарозер шудааст.

Кумита мегӯяд, дар натиҷаи суқути ҳавопаймо як донишҷӯ ва халабон - омӯзгори академия ҷон додаанд. Таҳқиқи ҳодиса оғоз гаштааст.

Фурудгоҳи Азим дар 43-километрии Алмато ҷойгир аст. Академияи ҳавонавардии мулкии Қазоқистон дар ҳоли ҳозир мақоми ҷамъияти саҳҳомиро дошта, 89%-и саҳмияҳояш дар ихтиёри давлатанд.

XS
SM
MD
LG