Ссылки доступа

Эрон даъвоҳои Тоҷикистонро дар бораи кушторҳои солҳои 90-ум расман рад кард


Сафорати Эрон дар Тоҷикистон иддаоҳои матраҳшуда дар як филми мустанади Вазорати умури дохилии Тоҷикистонро рад кард ва гуфт аз пахш шудани чунин филм "мутааcсиф" аст.

Сафорат бо нашри як баёнияи расмӣ дар вебсайташ дар шоми 9-уми август гуфт, "даъвоҳои матраҳшуда дар филм тавассути эътирофкунандагони зиндонӣ ва ба нақл аз касоне аст, ки дар қайди ҳаёт нестанд ва ҳатман наметавонад эътиборе дошта бошад".

Айни замон сафорат гуфтааст, ки филм як иқдоми тафриқаандозона буда, "дар чаҳорчӯби хост ва манфиатҳои ду миллат нест ва тавассути касоне дунбол мешавад, ки муносибатҳои бародаронаи Эрон ва Тоҷикистони ҳамфарҳанг ва ҳамзабонро таҳаммул намекунанд".

Шаби 8 -уми август Вазорати умури дохилии Тоҷикистон тавассути шабакаҳои телевизионии давлатӣ Эронро дар сармоягузории қатли чандин чеҳраи саршиноси тоҷик, аз ҷумла Сафаралӣ Кенҷаев, раиси пешини Шӯрои олӣ ва ҳудуди бист афсари пойгоҳи 201-уми Русия дар солҳои навадум муттаҳам кард. Вазорат шоми 8-уми август дар филми мустанади 45-дақиқаӣ иддао кард, ки ин қатлҳо бо сармояи Эрон ва бо дастури Абдуҳалим Назарзода, маъруф бо номи Ҳоҷӣ Ҳалим, сурат гирифтааст.

XS
SM
MD
LG