Ссылки доступа

Пхенян: то миёнаҳои август нақшаи зарба ба пойгоҳи ИМА омода мешавад


Пхенян нақшаи зарбаи мушакӣ ба ҷазираи Гуам дар уқёнуси Оромро, ки дар он пойгоҳи низомии Амрико ҷойгир аст, миёнаҳои моҳи август ба поён хоҳад расонд. Дар ин бора фармондеҳии қувваҳои мусаллаҳи Куриёи Шимолӣ хабар додааст.

Куриёи Шимолӣ гуфт, ба партоби мушаки миёнапарвози “Хвасон-12” омодагӣ мебинад. Тибқи барнома, ин мушакҳо бояд аз болои Ҷопон парвоз карда, дар обҳои даҳҳо километр дур аз Гуам сарозер шаванд.

Раҳбарияти Куриёи Шимолӣ тасдиқ мекунад, ки барномаҳои мушакии ин кишвар маҳз барои боз доштани нирӯҳои амрикоӣ дар минтақа равона шудаанд.

Ахиран вазири дифои ИМА Ҷеймс Мэттис Куриёи Шимолиро даъват кард, ки аз сохтани силоҳи ҳастаӣ даст кашида, роҳи бурунрафт аз худканораҷӯиро интихоб кунад.

Аз ин пеш, президенти ИМА Доналд Трамп низ гуфт, ба таҳдидҳои Куриёи Шимолӣ бо "хашму оташ"-и бесобиқа посух хоҳад дод. Пхенян дар вокуниш ба ин суханҳо хабар дод, ки ба кулоҳаки ҳастаӣ даст ёфтааст.

Рӯзи шанбеи гузашта аъзои Шӯрои амнияти СММ якдилона аз қатъномае ҷонибдорӣ карданд, ки афзоиши таҳримҳоро зидди Куриёи Шимолӣ дар посух ба озмоишҳои ахири мушакияш пешбинӣ мекунад. Пхенян санадро маҳкум карда, онро зидди соҳибихтиёрии худ номид.

XS
SM
MD
LG