Ссылки доступа

ИМА сафари Путинро ба Абхазистон маҳкум кард


Иёлоти Муттаҳида сафари расмии президенти Русия Владимир Путинро ба Абхазистони ҷудоихоҳ, ки 8 август сурат гирифт, "ғайри қобили қабул" меҳисобад. Департаменти давлатии ИМА зикр мекунад, ки сафари Путин ба "ҳудудҳои ғасбшудаи Гурҷистон аз сӯи Русия" хилофи Мубоҳисаи байналхалқии Женева дар мавриди ҷанги Гурҷистон дар соли 2008, аст.

Департаменти давлатӣ аз Русия хост, ки "ягонагии марзӣ ва истиқлолияти Гурҷистонро эҳтиром" кунад ва нерӯҳояшро ба мавзеҳое, ки то низоъи соли 2008 ишғол карда буданд, ақиб нишонад. ИМА ҳамзамон талаб дорад, ки Москва эътирофи мустақилияти Абхазистон ва Осетияи Ҷанубиро бознигарӣ кунад.

Ҷанги маъруф ба "панҷрӯза" баъди нисфишабии 8 августи соли 2008 шуруъ шуд. Гурҷистон дар ин ҷанг 412 одам талаф дод ва аз ҷониби Русия 67 низомӣ кушта шуд. Осетияи Ҷанубӣ истиқлол ба даст овард. Ба ҷуз Русия се давлати дигар - Никарагуа, Венесуэла ва Науру мустақилияти Осетияи Ҷанубиро эътироф кардаанд. Тифлис ва кишварҳои ғарбӣ ин минтақаро ҳудуди Гурҷистон меҳисобанд.

XS
SM
MD
LG