Ссылки доступа

Дар Ишқобод барои мошинҳои чодарпӯш маҳдудияти нав ҷорӣ шудааст


Кормандони Идораи бехатарии ҳаракат дар роҳҳои Туркманистон дар шаҳри Ишқобод, пойтахти ин кишвар мошинҳои чодарпӯшро боз дошта, ронандагонро аз ҷорӣ шудани қоидаи нав огаҳ менамоянд.

"Агар аз вазорати нақлиёти Туркманистон иҷозат бигиред, метавонед мошинҳои чодарпӯшро биронед. Агар не, пас мамнуъ аст", - гуфт як сокини пойтахти Туркманистон бо номи Меретдурдӣ дар суҳбат бо бахши туркмании Радиои Озодӣ.

Вай мегӯяд, баъди он ки кормандони идораи мазкур ӯро барои рондани чунин мошинаш ҷарима карданд, ба вазорати нақлиёти Туркманистон муроҷиат карда, хост, иҷозатнома бигирад, вале комёб нашуд.

Ба гуфтаи ӯ, дар вазорат гуфтаанд, ки дар ҳоли ҳозир ин гуна иҷозатнома дода намешавад. Аммо баъди муроҷиат ба воситаи дӯстонаш хабар додаанд, ки ин иҷозатнома 1 ҳазору 500 манат (беш аз 400 доллар) арзиш дорад.

Меретдурдӣ мегӯяд, нозирони роҳ ҳангоми ҷарима дар санад на идораи нақлиёти чодарпӯши бидуни иҷозат, балки қоидавайронкунии дигарро қайд мекунанд.

"Нархи ин ҷарима бори аввал 100 манат ва бори дувум 200 манат аст. Агар бори севум шавад, шаҳодатномаи ронандагиро гирифта, мегӯянд, имтиҳони ронандагиро аз нав бисупор", - афзуд ӯ.

XS
SM
MD
LG