Ссылки доступа

Ӯзбекистон дар Афғонистон роҳҳои нави оҳан бунёд карданист


Ӯзбекистон тасмим дорад, ки дар бунёди роҳҳои нави оҳан дар ҳудуди Афғонистон иштирок кунад. Дар ин бора расонаҳои маҳаллӣ бо истинод ба муовини раиси ширкати "Роҳи оҳани Ӯзбекистон" Даврон Деҳқонов иттилоъ доданд.

Ба гуфтаи Деҳқонов, Афғонистон барои кормандони роҳи оҳани Ӯзбекистон алакай як минтақаи ошно аст ва онҳо соли 2010 дар ин кишвар роҳи оҳанеро ба дарозии 100 километр дар қисмати "Хайратон-Мазори Шариф" сохта ба истифода додаанд.

"Ин барои Ӯзбекистон як тарҳи бисёр муҳим аст. Зеро он имкон медиҳад, ки мо ба воситаи Афғонистону Покистон то ба бандари Аббоси Эрон ва роҳҳои баҳрӣ бароем. Дар ин замина алакай бо Кобул як қатор гуфтугӯҳо анҷом дода, ба созиш низ расидаем. Ҷониби Афғонистон омодааст, ки бунёди роҳи оҳанро оғоз кунад. Феълан масъалаи сармоягузории тарҳ баррасӣ мешавад", - афзуд ӯ.

Деҳқонов гуфт, мутахассисони ӯзбек таҷрибаи бузурги бунёди роҳи оҳан дар минтақаҳои кӯҳиро доранд ва дар ҳоли ҳозир бо комёбӣ қисмати роҳи оҳани "Хайратон-Мазори Шариф"-ро ба истифода медиҳанд.

"Афғонистон бароямон як минтақаи ошност ва мо омодаем, ки иҷрои тарҳҳои сохтмониро дар ин кишвар идома диҳем. Тамоми ин иттилоъро дар шакли хатӣ ба ҷониби Афғонистон пешниҳод кардаем", - изҳор дошт муовини раиси ширкати "Роҳи оҳани Ӯзбекистон".

Ба ҷуз ин, Афғонистон ва Ӯзбекистон ният доранд, ки бо рушди зербиноҳои нақлиётӣ дар соли равон ҳаҷми табодули молро миёни ду кишвар то ба 1 миллиард доллари ИМА расонанд.

XS
SM
MD
LG