Ссылки доступа

Эълони сабабҳои эҳтимолии суқути ҳавопаймо дар Қазоқистон


Мақомоти тафтишотии Қазоқистон сабабҳои пешакии суқути ҳавопаймои таълимиро дар наздикии шаҳри Алмато, ки ду кушта бар ҷой гузошт, "нуқси техникӣ" номиданд.

Сардори Департаменти санҷиши садамаҳои нақлиётии Вазорати сармоягузорӣ ва рушди ин кишвар Ҷонибек Тойжанов гуфт, дар натиҷаи ба миён омадани нуқси фаннӣ ҳавопаймо дар осмон оташ гирифтааст.

"Ҳангоми рух додани ҳодиса ду нафар дар дохили ҳавопаймо буданд, ки ҳар ду ҳалок шуданд", - афзуд Тойжанов.

Ҳавопаймои "Tecnam 2002"-и Академияи ҳавонавардии Қазоқистон субҳи 10 август дар 2-километрии фурудгоҳи "Азим" сарозер шуда, дар натиҷаи он як донишҷӯ ва халабон - омӯзгори академия ҷон доданд.

Ба гуфтаи Тойжанов, ном ва синну соли ҳалокшудаҳо то анҷоми тафтишот эълон намешавад. Аксҳое, ки шоҳидон аз маҳалли ҳодиса гирифтаанд, нишон медиҳанд, ҳавопаймо даҳҳо метр дур аз минтақаи аҳолинишин суқут кардааст.

XS
SM
MD
LG