Ссылки доступа

Чин ИМА-ро ба нақзи ҳудуди обияш айбдор кард


Вазорати умури хориҷии Чин дар робита ба ворид шудани киштии низомии Амрико ба минтақае дар баҳри Чини Ҷанубӣ, ки Пекин онро ҷузъи қаламраваш медонад, изҳори норозигии шадид кардааст.

Пештар намояндагони Амрико дар суҳбат бо хабаргузории Reuters гуфтанд, киштии нирӯҳои дарёии ИМА аз наздикии харсанги маснуии зериобии Мисчиф, дар наздикии ҷазираи Спратлӣ убур кард, ки минтақаи баҳсӣ миёни Чин ва ҳамсояҳояш аст.

Моҳи июни соли 2016 Пекин қонунӣ будани ҳукми додгоҳи байналмилалии ҳакамии Гаагаро эътироф накард, ки гуфт, Чин ҳаққи таърихии даъво ба обҳои баҳри Чини Ҷанубиро надорад.

Ин даъвои Пекинро Ветнам, Филиппин, Малайзия ва Индонезия низ қабул надоранд. ИМА исрор дорад, ки бар пояи қонунҳои байналмилалӣ дар ин минтақа бояд низоми озоди киштиронӣ ҷорӣ шавад.

XS
SM
MD
LG