Ссылки доступа

Додситон барои Текебоев - сиёсатмадори мухолифи қирғиз 10 сол зиндон талаб кард


Додситонҳо барои роҳбари ҳизби "Ота Макон" Омурбек Текебоев 10 ва барои сафири пешини Қирғизистон дар Куриёи Ҷанубӣ Дуйшенқул Чотонов 8 соли зиндон талаб карданд. Додситонҳо дар ҷаласаи рӯзи 10 август дар додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек ин талабҳоро эълон карданд.

Ба ҷуз ин, айбдоркунандаҳои давлатӣ талаб доранд, ки ду сиёсатмадор баъди озодӣ се соли дигар аз ҳаққи ишғоли вазифаҳои давлатӣ маҳрум шаванд.

Дар ҷаласаи дирӯзӣ табибон ба Омурбек Текебоев ёрии таъҷилӣ расониданд. Текебоев гуфт, фишораш баланд шудааст.

Омурбек Текебоев 26 феврали соли ҷорӣ боздошт шуд. Текебоев ва Чотонов аз панҷ моҳ ба ин сӯ дар боздоштгоҳи КДАМ нигаҳдорӣ мешаванд.

Ин ду сиёсатмадорро дар фасодкорӣ айбдор мекунанд. Нисбати онҳо дар асоси шоҳидии шаҳрвандони Русия Алексей Модин ва Леонид Маевский парванда кушода шудааст. Шаҳрвандони Русия гуфтанд, барои мусоидат дар харидории саҳмияҳои ширкати "Мегаком" ба Текебоев 1 миллион доллар додаанд. Айбдоршавандаҳо ин даъворо таъқиби сиёсӣ медонанд.

XS
SM
MD
LG