Ссылки доступа

Мақомоти Ӯзбекистон маблағи муштариҳои бонки басташудаи "Алп Жамол Банк"-ро аз худ карданд


Даҳҳо муштарии бонки "Алп Жамол Бонк"-и Ӯзбекистон, ки 7 сол пеш баста шуда буд, то кунун натавонистаанд маблағҳои гузоштаашонро баргардонанд. Яке аз соҳибкорони шаҳри Тошканд ба шарти ифшо нашудани номаш ба расонаҳо гуфт, ки миллиардҳо сӯми тоҷирон дар бонк боқӣ монда буд.

"Баъди баста шудани бонк ҳамаи амволи манқул ва ғайриманқули бонк, инчунин маблағҳои суратҳисобҳои мо дар ихтиёри давлат гузошта шуд. Ҳафт сол гузашт, вале то ҳол наметавонем пулҳоямонро баргардонем", - мегӯяд соҳибкор.

Соли 2010 Бонки марказии Ӯзбекистон иҷозатномаи фаъолияти бонки хусусии "Алп Жамол Бонк"-ро барои вайрон кардани қонун бозхонд кард. Баъди ин раиси бонк Муҳиддин Асомиддинов аз Ӯзбекистон хориҷ шуд.

Ба гуфтаи Бонки марказии Ӯзбекистон, замони қатъи фаъолият дороии бонк 118 миллиард сӯм ё тақрибан 67 миллион долларро ташкил медод. Шумори муштариҳо ба 115 ҳазор мерасид.

Ба гуфтаи як соҳибкори дигар пулҳои наздик ба 3 ҳазор муштарӣ ба ихтиёри давлат супорида шудаанд. Соҳибкорон мегӯянд, Бонки марказии Ӯзбекистон бо қарори додгоҳ ин маблағҳоро ба давлат додааст.

XS
SM
MD
LG