Ссылки доступа

Даргирии лафзии ИМА ва Куриёи Шимолӣ биржаро ба суқут овард


Дар пасманзари шиддат гирифтани зиддияти низомиву дипломатии ИМА бо Куриёи Шимолӣ, биржаи Ню-Йорк се рӯз пайи ҳам савдоро бо зиён ба анҷом мерасонад. Рӯзи панҷшанбе шохиси "Доу-Ҷонс" давоми се моҳи охир бузургтарин суқут - 0,93 дарсадро пушти сар кард.

Ширкатдорони биржаро навиштаи охири Трамп дар Твиттер дар бораи он ки ҳушдорҳои гузаштаи вай ба Пхенян "ба андозаи кофӣ сахт" набуданд ва ин ки агар Куриёи Шимолӣ мехоҳад ба Амрико ё ҳампаймононаш ҳамла кунад, бояд "изтироби шадид"-ро мунтазир шавад, ба ташвиш овард.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи панҷшанбе арзиши нафти навъи Brent то 52 доллару 54 сент барои як баррел поин омад. Ин натиҷаи истихроҷи аз ҳад зиёди нафт аз сӯи кишварҳои узви ОПЕК дар моҳи июл ва изҳороти Русия дар бораи "ҳадафҳои иқтисодӣ", аст. ОПЕК мегӯяд, дар соли 2018 ниёз ба нафт дар ҷаҳон меафзояд.

XS
SM
MD
LG